ТАҚСИМИ ДАСТПӮШАКҲО БА КОРМАНДОНИ СОҲАИ КОММУНАЛИИ ШАҲР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Субҳи имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи шаҳри бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Гулмуродзода Қумриниссо ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Раҳимзода Меҳроҷ, ба 120 нафар кормандони соҳаи коммуналӣ, аз ҷумла, ширкати хонаҳо, идораи обу канализатсия, идораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр, идораи чароғонкунӣ, ки аз субҳи содиқ кўчаҳои шаҳрро тозаву озода намуданд, шириниҳо, қаҳва ва ба 112 нафар дастпӯшакҳо ройгон тақдим карда шуд.

https://hkhdtkhatlon.tj/bokhtar/view-news.php?view=16151