ИДОМАИ НАСБИ ЛАВҲАҲОИ ИТТИЛООТӢ ДАР БИНОҲОИ ИСТИҚОМАТӢ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи шаҳри, бо иштироки волонтёрони ҳизбӣ аксияи ҳизбии “Тозагии диёр мароми мост” баргузор карда шуд.  
Дар доираи аксияи  “Тозагии диёр мароми мост” аз ҷониби волонтёрон корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва сари вақт тоза кардани партовҳо аз ҷойҳои муайяншуда баргузор гардида, дар даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматии маҳаллаҳои шаҳр лавҳаҳои иттилоотӣ насб гардиданд. 
Мақсад аз баргузории аксияи мазкур, баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани назди биноҳои истиқоматӣ ва эмин нигоҳ доштани саломатии кӯдакон аз бемориҳои сироятӣ ба шумор меравад.