ПЕШГИРӢ АЗ ТАБОБАТ БЕҲТАР АСТ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо иштироки  кормандони Кумитаи иҷроия  Аксияи шаҳрии "Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст" дар ташкилоти ибтидоии "Маҳаллаи Борбад" гузаронида шуд.

Зимни вохӯрӣ бо шаҳрвандон қайд карда шуд, ки барои пешгирии бемории сироятии коронавирус мо бояд дастҳоямонро бо собун ва маҳлулҳои  антисептикӣ шӯем, ҳангоми зуком ва сулфазанӣ аз сачоқи коғазӣ (салфетка) истифода барем, масофаи муайяншударо риоя намоем, ниқобҳои тиббиро истифода бурда,  бояд ваксина бигирем.