БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №-3 ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28 январи соли ҷори дар МТМУ №-3 шаҳри Бохтар Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон таҳти унвони “Соати сиёсӣ” бо иштироки намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила, сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Саидахмедов Фариддун ва директори муассиса Иргашева Саломат доир гардид. Амалиётӣ муштараки “Соати сиёсӣ” дар мавзуҳои: Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”;

-Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” гузаронида шуда, махсусан қайд гардид, ки ки Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастурамалест аз ҳадафҳои олии кишвар, ки ҳар як шаҳрвандро ба фаъолияти самарабахш ҳидоят мекунад. Дар пешрафти Тоҷикистон соҳаи илму маориф нақши муҳим доранд, зеро дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад. Пешвои маорифпарвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса дошта ғамхориҳои пайвастаи сарвари давлат ба соҳаи маориф бештар аст ва сол то сол муваффақиятҳои нав ба нав дар ин самт дида мешавад. Масъалагузориҳои Паём нисбати ҷавонону наврасон дастурамалӣ мукамал мебошад, ки Пешвои миллат мо ҷавонону наврасонро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми Сарвари давлат интихоб гардиданашон пайваста таъкид менамоянд, ки бояд ҷавонон дорои дониш, малака ва маҳорат бошанд.                                                                                                                                                                               

Бояд қайд намуд, ки Амалиёти муштараки “Соати сиёсӣ” баҳри таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф, ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ баргузор мегардад.