БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР ЛИТСЕЙИ ТАМОЮЛИ ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28 январи соли ҷори дар Литсейи тамоюли технологии шаҳри Бохтар Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон таҳти унвони “Соати сиёсӣ” бо иштироки намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва муовини директори литсей доир гардид. Амалиётӣ муштараки “Соати сиёсӣ” дар мавзуҳои: Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”;

-Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” гузаронида шуда, махсусан қайд гардид, ки ки Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастурамалест аз ҳадафҳои олии кишвар, ки ҳар як шаҳрвандро ба фаъолияти самарабахш ҳидоят мекунад.                                                                                                                                                            

Дар Паёми Пешвои миллат ҳар як сухане, ки иброз мегардад як ҷаҳон маънӣ дошта, талошҳои пайваста ва садоқати Сарвари давлатро баҳри рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз нишон медиҳад.                                     

Масъалагузориҳои Паём нисбати ҷавонону наврасон дастурамалӣ мукамал мебошад, ки Пешвои миллат мо ҷавонону наврасонро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми Сарвари давлат интихоб гардиданашон пайваста таъкид менамоянд, ки бояд ҷавонон дорои дониш, малака ва маҳорат бошанд. Дар пешрафти Тоҷикистон соҳаи илму маориф нақши муҳим доранд, зеро дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад.                                                                                                                                                                                      

Пешвои маорифпарвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса дошта ғамхориҳои пайвастаи сарвари давлат ба соҳаи маориф бештар аст ва сол то сол муваффақиятҳои нав ба нав дар ин самт дида мешавад.