Баргузор гардидани маҷлиси ҷамъбастӣ дар ТИҲ "РАСИН"

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар санаи 12 январи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “РАСИН” маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2022 баргузор гардид.                                                                                           Маҷлиси ҳизбиро Мусозода Саймумин ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуда, оиди фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2022  ҳисобот дод.                                                         

Ҳамин тариқ, дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис, тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “РАСИН” барои соли 2023 ва нақша-чорабиниҳо оиди шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.                                                         

Аз рӯи масъалаи дигари маҷлис, ҷорӣ намудани Рейтинги ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ Мирзоев Диловар баромад намуда, қайд намуд, ки тибқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб аз моҳи январи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “РАСИН” Рейтинги ҳизбӣ аз рӯи чор нишондиҳанда 1.Таносуби аъзо 2.Қабули аъзо 3.Иҷрои пардохти ҳаққи узвият 4.Ташаббусҳо ҷорӣ карда мешавад. Зеро Рейтинги ҳизбӣ ҳамчун механизми ҳавасмандгардонӣ идеяи нави замонавӣ буда, барои пешрафти кор дар сохторҳои ҳизбии шаҳр пешравиҳои ҷиддӣ ба вуҷуд меорад.