ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАҲАЛЛАИ САРЧАШМАИ ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 4 уми январи соли 2023 дар толори МТМУ№13-и маҳаллаи Сарчашмаи шаҳри Бохтар бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Зафар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло ва муовини раиси шаҳри Бохтар Қурбонзода Наргис бо сокинони маҳалла вохӯрӣ доир гардид.                                               

Дар вохӯрии мазкур Ализода Зафар ва Қурбонзода Наргис оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.                   

Ҳамчунин, ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар маслиҳатҳои муфиду саривақтӣ дода шуд. Вакилон дар баромадашон дастоварду пешравиҳои соли сипаригардидаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода сокинонро вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падарау модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳидоят намуданд.