АМАЛИЁТИ МУШТТАРАКИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 3 ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи муштараки Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф, амалиёти муштарак таҳти унвони “Соати сиёсӣ” гузаронида шуд.  Ёдовар бояд шуд, ки амалиёти мазкур яке аз ташаббусҳои ҲХДТ буда, ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ баргузор мегардад. Бо ин мақсад санаи 31 декабри соли 2022 дар МТМУ-и №3 шаҳри Бохтар бо иштироки намоянда аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Давлатова Роҳила, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва омӯзгорони фаъол миёни наврасон ва ҷавонон “Соати сиёсӣ” дар мавзуҳои: “Соли 2025 эълон гардидани Соли ҳифзи пиряхҳо” ва “Баррасии нуқтаҳои асосӣ аз Паёми Пешвои миллат оид ба соҳаи маориф” гузаронида шуд.Мақсад аз баргузории амалиёти мазкур ин баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсии хонандагон ва бедор намудани зиракии сиёсии онҳо мебошад.