НИЁЗМАНДОНУ МАЪЮБОН ҲАМЕША ТАҲТИ ДАСТГИРӢ ҚАРОР ДОРАНД.

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар дар арафаи Соли нави мелодӣ ба аёдати беморону маъюбон, ятимону шахсони эҳтиёҷманд рафта, аз аҳволашон бохабар гардида, ба онҳо кумаки моддию молиявӣ расонида истодаанд. 

Чунин дастгири аз тарафи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мадина Асадуллоева дар ҳавзаи интихоботии №24-и шаҳри Бохтар дар ҳамбастаги бо Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло дар арафаи Соли нави мелоди ба як қатор оилаҳои ниёзманд кумаки модӣ аз қабили орд, равған, пиёз ва картошка расонида шуд.