Чорабинии тантанавӣ дар қисми низомӣ бахшида ба 28-солагии таъсисёбии ҲХДТ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҷавонон, маориф ва фарҳангӣ шаҳри Бохтар бахшида ба 28-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар қисми низомии 3503-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар чорабини идона баргузор гардид.                                                  Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Бохтар Қурбонзада Наргис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Шаъмигул Шарифзода, мудири бахши кор бо ҷавонон Рухшонаи Шералӣ, иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар ба қисми низомӣ сафарбар карда шуда аз хизмат, шароитҳои сарбозон дидан ба амал оварданд. Аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии маорифчиёни шаҳр ва Кумитаи иҷроияи шаҳри ба сарбозони қисми низоми зиёфати идона ташкил карда шуд. Ҳамзамон аз трафи ташкилоти ибтидоии ҷавонони шаҳр мусобиқаи шоҳмот ва шашка ташкил карда шуда, ба ғолибон диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.          Дар охир аз тарафи ҳунармандони ташкилоти ибтидоии бахши фарҳанги шаҳри Бохтар чорабинии фарҳанги ва саҳнаҳои театрикунонидашуда баргузор карда шуд.