Корҳои ободониву созандаги бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, Ҳифзи муҳити зист, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар дар ҳамаи маҳаллаҳои шаҳри Бохтар бахшида ба рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳашари умумишаҳри баргузор карда шуд. Дар маҳаллаҳои шаҳр бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шинонида шуданд. Чунин маъракаи ниҳолшинони дар ҳудуди шащри Бохтар бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло баргузор карда шуд, ки дар он ҷо зиёда аз 150 адад дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шинонида шуд.