КОРҲОИ ОММАФАҲМОНӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ОҒОЗ ГАРДИД

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар аксияи ҳизбии "Пешгирӣ аз коронавирус" дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази ҷавонон" гузаронида шуд.

Қайд карда шуд, ки барои пешгирии бемории сироятии коронавирус мо бояд дастҳоямонро бо собуни антисептикӣ шуем, ҳангоми зуком ва сулфазанӣ аз сачоқи коғазӣ (салфетка) истифода барем, масофаи муайяншударо риоя намоем, ниқобҳои тиббиро ба бар намоем ва албатта бояд ваксина гирем.