АМАЛИЁТИ "РӮЗИ ЁДОВАРӢ" ДАР МАҲАЛ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Имрӯз дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Бохтар “Ҳаёти нав” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, амалиёти умумивилоятӣ оид ба тозаю озода намудани дохил ва гирду атрофи оромгоҳҳо таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор шуд.                                                                  Мардуми маҳаллаи Ҳаёти нав ин ташаббуси меҳанпарваронаи ҳизбиёнро хуб пазируфта, дар маҳаллаи худ ба ҳашари умуми баромаданд ва гирду атрофи оромгоҳи маҳаллаи худро ба тартиб дароварда, даромадгоҳ, роҳравҳо ва бехҳои дарахтону ҷўйборҳои обгузарро аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза намуданд.                                                                                  Ёдовар мешавем , ки амалиёти мазкур якшанбеи охири ҳар моҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз тарафи Кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳо дар якҷояги бо ҷалби фаъолон, масъулини кумитаҳои маҳалла деҳот ва бахшҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо амалӣ карда мешвад.