АКСИЯИ ТАҚСИМОТИ БУКЛЕТҲО БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба муносибати 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳр аксияи ҳизбӣ таҳти унвони " Конститутсия - бахтномаи миллат" доир гардид. Дар рафти аксияи мазкур аз ҷониби волонтёрони ҳизб 250 адад буклетҳо тақсим карда шуданд. Максад аз баргузории аксияи мазкур ин, боз хам бештар муаррифи намудани моҳияти конститутсияи кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба хисоб меравад.  Конститутсия аз калимаи лотинии ( constitutio-конститутио) гирифта шуда, маънояш сохт ва мукарраркуни мебошад.

Рӯзи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон— яке аз ҷашнҳои асосии миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва он ҳамасола 6 ноябр таҷлил мешавад. 6 ноябри  соли 1994  дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ   26 сентябри соли  1999  ва 22 июни соли  2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) тағийроту иловаҳо ворид карда шудаанд. 22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар натиҷаи ворид кардани тағйирот, калимаи сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд конститутсияи ҷумҳурии тоҷикистон боқӣ монд. Бо гузашти 28 сол аз қабули ин санади бунёдии давлати соҳибистиқлоламон мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистон, ки дар Конститутсияи он инъикос ёфтааст, ҷавобгӯйи марому мақсади олии мардуми кишвар ва ҳадафҳои стратегии ҷомеа мебошад.