АМАЛИЁТИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР АМАЛ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” тибқи нақша дар деҳаи Шмидти Ҷамоати деҳоти Маданият гузаронида шуд. Дар амалиёти мазкур сокинони деҳаи номбурда, имомхатиб, раиси маҳалла, кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ҷавонон фаъолона иштирок намуданд. Инчунин, дар ин амалиёт иштирокдорон дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр намуда, дохили оромгоҳро аз партовҳо ва хасу хошокҳо тоза намуда, бехҳои дарахтонро нарм карданд.