ҲАШАРИ УМУМИВИЛОЯТИИ ТОЗАКУНИИ ОРОМГОҲҲО ЗЕРИ УНВОНИ «РӮЗИ ЁДОВАРӢ» ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо, эҳтирому арҷ гузоштан ба гузаштагони худ, инчунин бо ин роҳ тарбия намудани насли ҷавон дар рӯҳияи анъанаҳои неки миллӣ Аксияи умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” дар ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳия баргузор гардид.

Дар амалиёти мазкур сокинони фаъоли маҳал эмомхатибон ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуда бо қувваи ҳашарчиён гирду атроф ва дохили оромгоҳҳо аз алафҳои худрӯй тоза карда шуд.