“МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ”!

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Ин суханҳоро тамоми мардуми тоҷик хуб дар хотир доранд, чунки ин суханҳое  ҳастанд, ки он вақт як шӯълаи умед дар дили мардуми ранҷдида афрӯхта буд. Дар ҳолате, ки аксари мардуми Тоҷикистон дар ҳолати яъсу ноумедӣ ва нобоварӣ ба ояндаи нек умр ба сар мебурданд.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди   раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданашон инчунин гуфта будан, ман то охирин гурезаи тоҷикро аз хориҷ ба Ватан бар нагардонам худро сокит ҳис намекунам. Ин нидои шахси буд, ки қавлу суханаш як буд ва бо боварию дастгирии мардум  давлати  навини тоҷиконра аз нав таъсис дод ва  имрӯз мо Истиқлолият, Ваҳдат ва давлати соҳибистиқлолӣ худро дорем. 27 июни соли 1997 дар таърихӣ давлатдории Тоҷикистон созишномаи Ваҳдати миллӣ ба имзо расида, як саҳифаи нави  таърихиро барои мо кушод. Ваҳдати миллӣ, ки маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии фарзанди барӯманди миллати тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Созишномаи умум истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба даст омад, ба мардуми тоҷик қувваи тавоно бахшида, барои таҳкими  суботу оромӣ, ташаккули хислатҳои инсондӯстона ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии мардум дар шароити ташаккули давлатдории навин замина гузошта, барои рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаётии мамлакат шароити заруриро фароҳам овард. Мо халқи ватандӯст хуб медонем, ки давлати тозвистиқлоли мо дар оғози солҳои 1991 баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистони азизамон дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди милли фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Раванди сулҳи тоҷикон худ воқеаи беназир аст, ки сабақҳои арзишманди он на танҳо дар дохили кишвар, балки дар саросари ҷаҳон мавриди истиқбол ва омӯзиш қарор гирифт. Баъд аз оне ки мо истиқлолиятро ба даст овардем президентии мамлакат вазифаи аввалиндараҷаи худ дар назди мардум ин баргардонидани мардуми фирорӣ ба Ватан буд. Баъд аз он ки миллати парешонро ба ҳам пайваст намуд, зина ба зина ба пешравии тамоми соҳаҳои саноату кишоварзӣ, илму фаҳанг диққати авалиндараҷа дода шуд. Маҳз бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзии ин марди Худодод аст, ки кишвари мо 127 давлати ҷаҳон ҳамкориҳои дуҷониба дорад. Маҳз ба даст овардани Ваҳдати миллист, ки мо имрӯз дар чор фасли сол метавонем ба тамоми гӯшаю канори кишвароамон барои дидани хешу тарбор равем ба хориҷи кишвар содирот намудани тамоми молу маҳсулоти ватанӣ ва ба фӯруш рафтани онҳо дар бозорҳои хориҷи кишвар. Сохтмони НОБ, корхонаҳои гуногуни саноатӣ, бунёд намудани боғҳои  гуногун, хонаҳои истиқоматӣ, мактабу кӯдакистонҳо, майдонҳои варзишӣ ва хуласи гап ҳамин, ки субҳ бедор шудан аз хониши парндаҳои  шохи дарахтони пурмева, офтоби дурахшони осмони соф ва машғул шудан ба корҳои ҳамарӯзаи зиндагӣ, шомгоҳон ҳамроҳи фарзандон ба тамошо рафтан ва озодона сайру гашт намудан дар кӯчаҳои шаҳрак ин ҳама бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии мо мардуми тоҷик аст.   

 

Риоева Ҷавоҳир,

мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи КИ ҲХДТ дар ноҳия