БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҶОРӢ ДАР МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ

Ҷ.Балхӣ:  

Тибқи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶДММ "Баҳор"-и ноҳия Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар маҷлис масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия Риоева Ҷавоҳир иштирок намуд.

Рӯзномаи маҷлис аз 4 масъала;

1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизби ҶДММ "Баҳор"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;

2. Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶДММ "Баҳор"-и ноҳия барои нимсолаи дуюми соли 2022;

3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶДММ "Баҳор"-и ноҳия;

4. Интихоби вакил ба конфренсияи ноҳиявӣ иборат буд.

Аз руйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶДММ "Баҳор" дар ноҳия шунида шуд.

Инчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис низ баррасӣ гардида, номзадии Сайфов Сайнуриддин ба овоз монда шуда, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶДММ "Баҳор" дар ноҳия интихоб гардид.