ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-САРЧАШМАИ БАХТУ САОДАТ!

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

«Ҳар касе, ки ниҳолеро сабзонда бошад, медонад: дарахт соле як бор ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Ин ниҳол ниҳоли дӯстӣ ва ваҳдат аст. Мо меваи ширини ин ниҳоли сабзондаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид ва мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша бар решаи он расад, қайд намудаанд, Пешвои муаззаму маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Албатта вахдат - беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат мебошад. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рузгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудаанд: «Мо фарҳанги сулҳу субот ва ваҳдати миллиро қадр ва ҳифз менамоем, зеро сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо дастоварди бузурги таърихӣ ва зиёда аз ин заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократӣ мебошад». Агар мо бо шарофати истиқлолияти давлатӣ баъд аз ҳазор сол асолату ҳуввияти миллӣ, таърих, забону фарҳанги миллӣ, суннату арзишҳои неки миллии худро эҳё ва пойдор карда бошем, пас аз рӯйдодҳои ибтидои солҳои навадум бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аҳли ҷомеаро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, ба ҳастии давлату миллат тавонистем умри дубора бахшем. Ва имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки  ба қадри неъмати бебаҳо ба мисли  истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем. Арзишҳои миллиамонро  ҳифз намуда насли наврасро дар рӯҳияи ватандустӣ, хештаншиносӣ, ҳифзи марзу буми кишварамон тарбия намоем.

Ва чи тавре, Пешвои муаззами миллат дар вохӯрияшон бо фаъолони вилояти Хатлон, ки санаи 18 июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара доир гардида буд, таъкид намуданд, “Дар дунё кори намешудагӣ нест фақат завқ доштанамон даркор!” бинобар ин ҳар яки мо бояд бо завқи баланд, нерӯи тавоно, ташаббускорӣ, эҳсоси баланди ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба ватан хизмат намоем. Эътимоди комил дорам, ки мо дар ҳамдастию шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ метавонем, иҷрои ин ҳама нақшаҳои меҳнатӣ ва  рушди ҷомеаро таъмин намоем. Бо эҳтиром ва ифтихор мардуми шарифи Тоҷикистонро бо 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, таманнои он дорам, ки эҳсоси баланди ватандорӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихор аз муқаддасию пойдории Ваҳдати халқи азизамон дар дили ҳар шаҳрванди кишвар азизамон маскан гирад ва ваҳдати мардуми мо ҷовидона ва оламгир бошад.

Муборак бошад 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ!

 

Раиси Шурои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Абдулҳаев Маҳмасаид