ТАТБИҚИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ БО ҶАЛБИ АЪЗОИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷ.Балхӣ: ҲХДТ-ҳизби ташаббускору созанда буда, иқдомҳои некро баҳри манфиати мардум равона месозад.

Дар ин раванд тибқи нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳафтае як маротиба аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”,  волонтёрони ҳизбӣ барои кӯмак ба хонаи шахсони маъюбу бекас рафта, ба корҳои хонаи онҳо ёрӣ мерасонанд.

Ин навбат ба хонаи як шахси ниёзманди танҳо аз Ҷамоати шаҳраки Балх рафта, хона ва ҳавлии ӯро аз чангу хошок тоза намуда, манзили зисти шахси бекасу танҳоро тозаву озода намуданд.