МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Ҷ.Балхӣ:  

Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия санаи 11 июни соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Нозироти андоз”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҳисоботи-интихоботӣ гузаронида шуд. Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ намояндагони Кумитаи иҷроия дар ноҳия, Шодиева Нозанин иштирок намуд. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Раҳматшоев Салим оғоз намуд. Дар маҷлис масъалаҳо доир ба ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои давраи оянда, дар бораи интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нозироти андоз” , дар бораи интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Нозироти андоз”, дар бораи интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии 18-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардид. Ҳамзамон намояндаи Кумитаи иҷроия дар ноҳия, Шодиева Нозанин баромад намуда оид ба ҳаракати аъзои ҲХДТ, пардохти саривақти ҳаққи узвият, ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, дар амал тадбиқи намудани ташаббусҳои ҲХДТ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Инчунин оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ташаббусҳои беназири Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, зикр доштанд, ки ҳамаи моро мебояд дар меҳвари сиёсии мактаби сулҳовари Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, саҳми худро дар корҳои созандагию ободонии кишвари азизамон зери шиори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” фаъолона гузорем.