ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМУШ НАХОҲАД ШУД

Ҷ.Балхӣ: Созандагони ватан  

Тибқи нақша чорабиниҳои мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бахшида ба 79-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ санаи 6 майи соли 2024 дар МТМУ № 8-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мусобиқаи варзишӣ аз намуди шашка баргузор гардид. Дар мусобиқа аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия ва наврасон байни худ қувваозмоӣ намуданд. Ҳамзамон масъулини кумитаи иҷроия дар ноҳия бо наврасон ва ҷавонон суҳбат гузаронда оид ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштироки фаъолонаи фарзандони миллати тоҷик дар ҷанги мазкур, оид ба қаҳрамонони миллат, оид ба ҷонфидоиҳо дар роҳи пойдории сулҳу субот бо насли наврас суҳбат гузаронида шуд. Қайд карда шуд, ки ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба барои дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли наврас нақши муҳим дорад. Насли наврас аз ҷумла ҷавонони мо бояд донанд ва ба хуби дарк намоянд, ки дар гузашта миллати тоҷик қаҳрамонони зиёд дошт, ки дар роҳи пойдории сулҳ ва ҳимояи ватани худ фодокориҳо нишон додаанду намунаи ибрат мебошанд. Қаҳрамонон намемиранд номи онҳо дар таърих ва қалби мо то абаб зинда хоҳанд монд.