ҲИФЗИ ВАТАН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.  Моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Албатта вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ҳифзи Ватан-модар, эҳтиром ва ҳимояи арзишҳои миллӣ ва манфиати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар масоили давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ на бояд ба умеди касеву чизе шуд. Ватан аз мост, ҳимоя намудан, сулҳу ваҳдатро дар он нигоҳ доштан вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Амнияти давлатӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи боэътимоди марзу буми кишвар ва осоиштагии мардум яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ мебошад. Сулҳу оромии кишвар, тамоми пешрафти ҷомеа ва таҳкими иқтидори иқтисодиву иҷтимоии давлат ба сатҳи таъмини амнияту тартибот вобаста аст. Ҳифзи Ватан- модар мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ, далериву шуҷоат мебошад. Албатта барои ҷавонон яке аз муҳимтарин мактаби ҳаёт ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ва ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номуси кишвар, махсусан ҷавонон бояд бо сари баланд аз ин мактаби ҷасорат бигзаранд.

Маҳз дар ҳамин ҷо ҳар як ҷавон шуҷоату мардонагӣ, вафодорӣ, ва далериро омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт -дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки азизи Ватанро ёд мегиранд. Маҳз дар ҳамин мактаби мардонагӣ, вафодорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан, ки ҳамчун модар азиз аст, аз худ менамоянд. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохўриҳояшон бо ҷавонон пайваста таъкид менамоянд, ки “Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрўза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, ба хизмати Модар-Ватан доим омода бошанд”. Пас мо ҷавонони бонангу номуси Ватанро шарт ва зарур аст, ки ҳамеша ба ҳифзи Ватан- модар омода бошем. Насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми кишвар тарбия намоем. Падару модаронро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи фарзандон масъулияти баландро ҳис намоянд. Чун оила аввалин мактаби таълим ва тарбия барои насли наврас ба ҳисоб меравад. Ҳифзи марзу бум барои ҳар сокини кишвар муҳимтарину муқаддастарин амали созанда буда, аз ҳар нафар ҳушёрӣ ва ҷасоратро тақозо мекунад. Вазъи мураккабу ташвишовари имрӯзаи ҷаҳон, хатарҳои муосир аз ҷумла, терроризму экстремизм, ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти кишварамон ҳамеша ҳушёру зирак ва омода бошем. Баҳри пойдории сулҳу субот дар кишвар ҳар як сокини бо нангу номус бояд саҳми арзанда гузорад. Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Мусоев Хуршед.