ТАРБИЯИ ФАРЗАНД- ВАЗИФАИ МАСЪУЛИЯТНОКИ ПАДАРУ МОДАР

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

«Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд». Моддаи 34-и Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазифаи аввалиндраҷаи ҳар волидайн тарбияи дурусти фарзанд ба ҳисоб меравад.

Аз рӯзи аввали ба дунё омадани фарзанд ҳар падару модар бояд ба хуби дарк намояд, ки фарзанд неъмати бебаҳо ба ҳисоб рафта таълиму тарбия намудани онҳо масъулияти баландест.

Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва то ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад. Ҳодисаҳои зиёде дида мешавад, ки дар натиҷаи беназорати ва беаҳамияти волидайн нисбат ба фарзандон оқибати нохуш оварда, рафтору кирдори ноҷои фарзанд боиси сархамии падару модарон гардидааст. Бо мақсади тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар қонуни миллие қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки масъулияти падару моддарро дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи қонунгузорӣ танзим намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, масъулияти ҳар як волидайнро зиёд намуда водор сохт баҳри ояндаи дурахшони фарзандон саҳми босазои худро гузоранд.

Дар таълиму тарбияи фаррзандон падару модар бояд масъулияти баланд ба дӯш гиранд. Фарзандон бояд дар муҳити оилаи солим, меҳру муҳаббат, вафодорӣ, эҳтиром нисбат ба ҳамдигар, кӯмак расонидан, меҳнатдӯстӣ тарбия ёбанд. Аз синнӣ хурдсолӣ дар зеҳнӣ фарзанд дӯст доштани ватан-модар, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, забони модарӣ ва умуман баланд бардоштани эҳсоси баланди ватандориро бедор намуд. Ояндаи давлат ва миллат, ки дар дасти ҷавонон мебошад мебояд ҳар яки моро дар таълим ва тарбияи насли наврас ва ояндасоз саҳми арзанда дошта бошем. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз мо таҳти Роҳбари сиёсатмадори хирадманд, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон, дар фазои сулҳу субот, давлати соҳибистиқлол хушбахтона кору фаъолият намуда истодаем. Бо шукргузори аз фазои орому осуда, бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ, ҳар яки моро зарур аст, баҳри пойдории соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ дар кишвари азизамон саҳми арзандаи худро гузошта насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ифтихор аз таърихи гузаштагонамон, ҳимояи марзу буми кишвари азизамон-Тоҷикистон тарбия намоем.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Холиқова Соҳибҷамол