НАҚШИ ЗАН ДАР ПОЙДОРИИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Ваҳдати миллӣ беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат ба ҳисоб меравад. Ваҳдати миллӣ, ки рукни асосии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ба мардуми сарбаланди тоҷик, аз ҷумла ба занону бонувон имконият фароҳам овард, ки бо дарки масъулияти баланд дар рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон нақши муассир гузоранд. Имрӯз занону бонувони хушбахти тоҷик ба он арҷ мегузоранд, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар имкон дод, ки мақому манзалати зан-модар баланд бардошта шавад. Вобаста ба ин, қонунҳои амаликунанда аз нигоҳи таҳкими баробарии гендерӣ, баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занон, ҷалби васеъи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон такмил дода шудааст. Бар замми ин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор Барнома ва Стратегияҳои давлатӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд, ки ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти рӯзмараи занонро фаро гирифта, татбиқи амалии онҳо ҳаёту фаъолияти бонувони тоҷикро боз ҳам рангин месозад. Ҳамин аст, ки имрӯз занону бонувони боиродаи кишвар дар баробари садҳо нафар мардони далеру ҳушманд дар ҳифзи сулҳу суботи кишвар нақши бориз дошта, ҳамчун сипари боэътимод дар сафи пеши ҳимояти ин неъмати бебаҳо қарор доранд. Дар Паёми навбатии худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки: “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд. Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд.” Мо занону бонувони хушбахти замон аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои маҳубуби кишвар илҳоми тоза гирифта саҳми худро дар ҳама корҳои созандагӣ ва ободонии кишвари азизамон мегузорем. Ва тавре Президенти маҳбуби мо дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд: “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.” Бинобар ин мо занону бонувонро зарур аст, бо эҳсоси баланди ватандорӣ, саҳми босазои худро дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи дурусти насли наврас, пешгирии аз ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ба касбу ҳунар ҷалб намудани ҷавонон бахусус ҷавондухтарон гузорем.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Холиқова Соҳибҷамол