НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Ҷ.Балхӣ: Вокуниш  

Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср имрӯзҳо ҳеҷ касро бетараф монда наметавонад. Яке аз масълаҳое, ки имрӯз доғи рӯз гаштааст, шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ мебошад. Сабабҳои шомилшавии ҷавонон, аз як тараф, қонеъ набудан аз шароити иқтисодию молиявии оила бошад, аз тарафи дигар, аз беэътибории падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандонашон ба ҳисоб меравад. Гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мехоҳанд бештар ҷавононро ба доми худ гирифта ба манфиятҳои худ истифода намоянд. Ва имрӯз, ки бештари гуруҳои террористӣ ва экстремистӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет фаъолият менамоянд, бо осони метавонанд ҷавонони бесаводро гумроҳ намоянд. Баъзе аз ҷавонон саводи комил надошта аз телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳи иҷтимоӣ нодуруст истифода менамоянд, бештар чунин ҷавонони гумроҳ ба доми гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ меафтанд. Таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб аз сатҳи минтақавӣ боло рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ касб кардааст. Амалҳои номатлубе, ки аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ бамиён меояд танҳо бар зарари ҳар як сокини сайёра мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки терроризм ватан, дин миллат надорад. Бинобар ин ба чунин гуруҳҳо мафҳуми ватандорӣ, миллат муқаддасе нест. Дар замони зудтағирёба мо ҷавонон бояд ҳарчи бештар ҳушёр бошем. Мо ҷавонон тамоми амалҳои гуррӯҳҳои ифротӣ ва террористиро пурра маҳкум намуда бар зидди ин вабои аср мубориза мебарем. Таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор месозанд, ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ ва ваъдаҳои бардурӯғи зархаридони хориҷӣ нашавем. Бо ҷавонон бояд кишвари азизамонро ҳамаҷониба ҳимоя намоем, бар зиддӣ ин вабоси аср муборизаи дастаҷамъона бубарем.

Мутахасиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Мирбонова Манижа