ҶАВОНОН ЗИДДИ ГУРУҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

Ҷ.Балхӣ: Вокуниш  

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд.

Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.

Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона - расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.

Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад.

Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд.

Дар мисол ҳодисаи даҳшатоваре, ки дар Федератсияи Руссия баамал омад, ҳеҷ касро бетараф нагузошт. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, террорист ватан, миллат ва дин надорад. Ҳақатан барои террорист мафҳуми ватандорӣ, дин, миллат ва умуман ягон муқаддасоте вуҷуд надорад. Онҳо танҳо бо мақсади пул ба даст овардан бозичаи дасти хоҷагонӣ хориҷи мегарданду гуруҳҳое мебошанд, ки ба аҳли ҷомеа танҳо зарар меоранд. Дар вазъи зудтағирёбандаи ҷаҳони имрӯз, ҳар миллат ва давлат дар фикри сулҳу субот дар кишвари худ аст. Бинобар ин мо низ ҳамеша дар фикри сулҳу субот дар кишвари худ ҳастем. Боиси хушнудист, ки бо сиёсати хирадмандона пешгирифтаи Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои шабонарӯзии ин марди хирад миллати тоҷик соҳибистиқлол аст. Бо шукргузорӣ ва сарфарозӣ иброз медорем, ки соҳибватан ҳастем. Соҳиби сарзамини аҷдодӣ, соҳиби забони худ ҳастем. Бинобар ин баҳри пойдории соҳибистиқлолии кишвари азизамон, пойдории ваҳдату ягонагӣ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбуби миллат сарҷамъ шуда бар зидди гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ муборизаи дастаҷамъона барем. Ҳар яки мо бояд баҳри ободу зебо гардонидани ватани худ саҳми босазо дошта бошем. Мо ҷавонон амалҳои номатлуби гуруҳҳои террористӣ ва экстремистиро пурра маҳкум намуда бар зидди ин вабои аср мубориза мебарем.

Мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Оқилов Беҳруз.