Терроризм ва экстремизм вабои аср

Ҷ.Балхӣ: Вокуниш  

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаҳое мебошад, ки ҳамчун вабои аср тамоми кишварҳоро ба ташвиш овардааст. Амалҳои номатлуби ин гурӯҳҳо касеро бетараф намегузорад. Дар солҳои сипаришуда ва то ҳол ҳазорон нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шудаанд.

Аз амалҳои террористӣ давлатҳои орому осоишта ва ру ба тарақи ниҳода ба харобаҳо табдил ёфта ҳазорон нафар ҷони худро аз даст дода,  ҳазорон нафари дигар хонаю дар ва давлати худро тарк намуда саргардонанд. Боиси нигаронист, ки  ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ бештар ҷавонон ҷалб мегарданд. Махсус ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд.

Ҷавонони гумроҳ бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ гардида бо мақсади расидан ба амалҳои нопоки худ истифода мебаранд.

Бинобар ин бояд дар тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон дучанд саҳмгузор бошем. Бахусус падару модаронро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Насли наврасро дар муҳити оилаи солим бояд тарбия намуд. Фарзандонро аз хурди дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ифтихор аз ватандорӣ, ҳимояи марзу буми кишвари азизамон бояд тарбия намуд. Насли наврас ва бахусус ҷавононро бештар ба китобхонӣ, дуст доштани китоб, забономӯзӣ, аз худ намудани касбу ҳунар бояд ҷалб намуд.  Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонони мо бояд зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода тамоми қувваи худро баҳри аз худ намудани илмҳои замони муосир, забономӯзӣ, аз худ намудани касбу ҳунар равона намоянд. Албатта ҷавонони босавод, худшиносу ватандӯст, ҳеҷ гоҳ гумроҳ намешавад. Хубро аз бади ба хуби фарқ намуда фирефтаи гуруҳҳои ифротӣ намегардаднд. Ҷавонони мо бояд ба хуби дар намоянд ва ифтихор дошта бошанд, ки соҳибватан ҳастанд, ифтихор дошта бошанд, ки Пешвои маҳубубу хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дорем, ки бо сиёсати дурандешона ва хирадмандона ҳамеша дар фикри мо ҷавонон мебошанд ва баҳри кору фаъолияти мо ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё гардидааст.  Ҷавонони моро мебояд бо шукргузори аз соҳибистиқлолии кишвари азизамон намуда тамоми донишу малакаи худро баҳри ободу зебо гардонидани ватани азизамон, Тоҷикистон равона намоем.

Мо ҷавонон амалҳои номатлуби гуруҳҳои террористӣ ва эктремистиро маҳкум намуда бар зиди ин вабои аср мубориза мебарем.  

Мутахасиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Мирбонова Манижа