РАСОНИДАНИ КӮМАКИ ХАЙРИЯВӢ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади пайравӣ намудан ба сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия ба аёдати оилаҳои ниёзманд ва маъюбон рафта, дар рафти дидорбинӣ бо онҳо суҳбат намуда, ба ин ашхоси осебпазир кӯмакҳои моддӣ расонида шуд. Метавон зикр кард, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбону барҷомондагон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз ин иқдоми нек ҳар моҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, шахсони маъюб таҳти ғамхории доимӣ қарор дошта онҳо бо нафақаи ҳизбӣ ва кӯмакҳои моддӣ аз ҷониби вакилон ва фаъолон пайваста таъмин хоҳад гашт.