ЯКҶОЯ БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ

Ҷ.Балхӣ: Вокуниш  

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ин падидаи номатлуби тераризму экстремизми байналмилалӣ мебошад. Боиси тассуфи зиёд аст, ки ҷаҳони муосир дар чунин ҳолати душвор шоҳиди вайрону валангор, аз пайи таркишу қатлу ғорат несту нобуд гардидани бархе аз кишварҳои олам гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки худи вожаи «террор» ё «терроризм», ки имрӯз дар васоити ахбори умум хеле зиёд мечархад, аслан, бо мафҳумҳои куштор, даҳшатафканӣ, даҳшатангезӣ ва даҳшатоварӣ алоқаи маъноӣ дорад. Ин зуҳуроти номатлубу даҳшатовар таърихи тӯлонӣ низ дошта, то замони муосир доман паҳн намудааст.

Чуноне ки маълум аст, қисми зиёди террористон дар Шарқи мусулмонӣ ва ҳатто дар Аврупою Амрико ҳам барои расидан ба аҳдофи разилонаю нопоки худ дини мубини Исломро сӯйистифода мекунанд ва бо баланд намудани парчами «Ислом» ки гӯиё зери он “давлати исломӣ» бунёд месозанд, дар пайи он ба қатлу куштору даҳшатофарӣ машғул мешаванд. Вале ҳамон навъе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ва такрор ба такрор дар баромадҳояшон таъкид менамоянд: “Террорист дин, мазҳаб, миллат, ватан надорад”. Ва дар воқеъ, даҳшатафканиву қатлу куштори сокинони осоишта ва кӯдакону тифлони маъсум дар ягон дину мазҳаб вуҷуд надорад ва ҳамчунин, тарбияи миллии ягон миллат ҳам ин бедодгариро талқин намекунад. Ва бар хилофи ин, дар дини Ислом хуни ноҳақ рехтан аз қабили гуноҳони бузург маҳсуб меёбад ва ҳатто дар фарҳанги исломӣ озор расонидан ба тамоми махлуқот низ куллан маҳкум гардидааст. Паёмбари Ислом фармудааст, ки: «Мусулмон касест, ки аз дасту забонаш касе ранҷ набинад». Пас саволе ба миён меояд, ки оё ин ҳама қатлу кушторе, ки террористони гурӯҳҳои ба алайҳи мардуми бегуноҳ анҷом медиҳанд, заррае аз фарҳанги ин дин бохабаранд? Ва он ҳама худро дар байни издиҳоми сокинони осоишта инфиҷор доданҳо далели он аст, ки ин тоифа аз тарафи хоҷагони худ мағзшӯй гардидаанд, ки дар гумроҳиву торикии амиқ ғӯтавар шавнду бозичаи дасти дигарон гарданд. Ҳоло он ки Худо фармудааст, ки худро бо дастони худ ҳалок насозед. Пас суоле ба миён меояд, ки террористҳои маргталаб дар асоси кадом гуфтаҳо ва аҳкоми динӣ амал мекарда бошанд? Масъалаи нигаронкунанда ин аст, ки ҷавонони фиребхӯрдаи ин гурӯҳ он нафаронеанд, ки динро аз манбаъи саҳеҳ намеёбанд, ҳатман рӯ ба шабакаҳо ва саҳифаҳои гуногун ворид шуда, ки дар натиҷа дар ин баҳри пурталотум луқмаи кадом “наҳанг”-е меафтад. Дар мисол ҳодисае, ки рӯзҳои наздик дар Федератсияи Россия ба амал омад, ҳодисаи даҳшатовар, ки чанд нафар ҷавонони гумроҳу бесавод анҷом доданд ҳеҷкасро бетараф нагузошт. Албатта террорист миллат, дин, ватан надорад ва онҳо ба як ваҳшие монанданд, ки хубро аз бади фарқ карда наметавонанд. Аз ин рӯ тамоми ҷавонони кишвари азизамонро даъват ба амал меоварам, ки доимо зиракии сиёсиро аз даст надода, ба илмомӯзӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз илмҳои замони муосир огоҳ бошанд. Ба қадри неъмати бебаҳо чун соҳибистиқлоли, ваҳдату ягонагӣ расида ба хизмати модар Ватан ҳамеша омода бошем. Мо ҷавонон ҳама амалҳои номатлуби гурӯҳҳои террористӣ ва эксремистиро пурра маҳкум менамоем. Нест бод терроризм ва экстремизм!

Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маликова Тахмина