КОРҲОИ ОБОДОНИ ВУСЪАТ МЕЁБАД

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани кӯчаю гулгаштҳои маркази шаҳрак, ҳамзамон ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии таъсисёбии рӯзи ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ корҳои ободонӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрдорӣ, ободу зебо нигоҳ доштани гирду атрофи корхона, нарм намудани бехи дарахтон ва гулҳои назди муассиса ҳашари дастаҷамъӣ ба анҷом расонида шуд.