ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ НАСЛИ НАВРАС

Ҷ.Балхӣ: Созандагони ватан  

 Тибқи нақша чорабиниҳои намояндагии ТҶҶ "Созандагӣ Ватан" дар ноҳия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №16 ноҳия оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҷалби ҷавонон ба аксияҳои тозагӣ, баланд бардоштани донишу малака, забономӯзӣ пайваста хонишҳои сиёсӣ миёни аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватани"- и ноҳия доир карда мешавад..

Дар вохӯрии навбатӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулова Кибриё дар назди ҳозирин баромад намуд. Зимни суҳбат масъулин оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассиаҳои таълимии деҳот, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии насли наврас, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, забон омузӣ, аз худ намудани касбу ҳунар суханронӣ намуд.

Ҳамзамон аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли наврас ёдовар гардида, афзуд, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳар яки моро водор менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати илмӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии насли наврас, тарбияи ин табақаи ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва пеш аз ҳама дӯст доштани муқаддасот ва арзишҳои миллӣ тамоми қувваю воситаҳои хешро сафарбар намоем.