РАСОНИДАНИ КӮМАКИ ХАЙРИЯВӢ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади пайравӣ намудан аз сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бо иштироки вакилони ҳизбӣ ва масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия ба аёдати маъюбон рафта, дар рафти дидорбинӣ бо онҳо суҳбат намуда, ба ин ашхоси осебпазир кӯмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуд. Метавон зикр кард, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбону барҷомондагон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз ин иқдоми нек ҳар моҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, шахсони маъюб таҳти ғамхорӣ ва бо нафақаи ҳизбӣ ва аз ҷониби вакилон ва фаъолон кӯмакҳои моддӣ таъмин хоҳад гашт.