МАСЪАЛАҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР САМТИ МУҲОҶИРАТ

Ҷ.Балхӣ: Вокуниш  

Ҳифзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва субботи кишвар ба ҳисоб меравад. Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат хатари ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад.

Имрӯз дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини террористию экстремистӣ мебошад.

Барои эмин доштани худ аз доми гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳар як шахс, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз мафҳумҳои зерин бохабар бошанд:

Экстремизм чист? - ин фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ ва мазҳабӣ.

Терроризм чист? - ин зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони шинохта, арбобони давлатӣ ва воқеӣ, ки дар натиҷаи он ба молу амволи шахсони ҷамъиятӣ хисороти калон расонида шуда, боиси ҳалокати одамони зиёди бегуноҳ мегардад. Инчунин дар натиҷаи он сохти амниятии ҷамъият халалдор карда мешавад.

Донистан зарур аст, ки шахсони бегона метавонанд бо таъсиррасонӣ Шуморо гумроҳ ва ба созмонҳои гуногуни экстремистию террористӣ ҷалб намоянд.

Гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ рӯз то рӯз бо ҳар роҳ шомилшавӣ бо сафҳояшонро таблиғ менамоянд, ки имрӯзҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба мо маълум аст.

Мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад. Бахусус, бо фиристодани паёмакҳо бо телефон, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ, ба паёмаку даъватҳои ношиносу шубҳаовар ҷавоб надиҳед ва ба расму видёҳои хусусияти даъватию таблиғотидоштаи ин гурӯҳҳо қайд нагузоред.

Хусусияти муҳими ифротгарои динӣ аз он иборат аст, ки идеологҳои ин гурӯҳҳо онро ҳамчун восита ва силоҳи муборизаи манфиатҳои худ вориди муборизаи сиёсӣ намудаанд. Бештари ҷавононро, ки неруи тавонои ҳар як давлату миллати соҳибистиқлол маҳсуб меёбанд, ба доми худ меандозанд ва худро чун муборизони ислом меҳисобанд. Бехабар аз он, ки хоҷаҳои хориҷии онҳо бо истифода аз номи ислом мехоҳанд оромиву суббот, истиқлолият ва сохти конститутсионии кишварҳоро хаалалдор созанд. Алалхусус Тоҷикистони биҳиштосои моро низ.

Аз ин рӯ ҷавононро мебояд ба қадри сулҳу суббот,оромиву осоиштагӣ ва Истиқлолияти пойдори кишварамон расанд.

Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва масҷидҳо дар хориҷи кишвар аз шиносоӣ ва суҳбат бо афроди ношиносу шубҳанок дурӣ ҷӯянд.

Мо аз кулли ҷавонон хоҳиш менамоем, ки дар чунин ҳолатҳо кӯшиш накунед, ки мушкилоти худро дар танҳоӣ ҳал намоед, балки ба сафоратхонаҳову консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва диаспораҳо муроҷиат намоед.

Танҳо муборизаи дастаҷамъона, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёриву зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи он омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ин ки тинҷиву амонӣ пойдор ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш - Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии арзанда ба сар барад.

Насриддинзода Аҳтам, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳия