НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ!

Ҷ.Балхӣ: Вокуниш  

Имрӯзҳо шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва эктремистӣ тамоми аҳли ҷомеаро ҳамчун муаммои доғи рӯз ба ташвиш овардааст. Сабабҳои шомилшавии ҷавонон, аз як тараф, қонеъ набудан аз шароити иқтисодию молиявии оила бошад, аз тарафи дигар, аз беэътибории падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандонашон ба ҳисоб меравад. Волидайн нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон хунукназари зоҳир намуда баъд аз ба роҳи бад рафти фарзанд пушаймон мешаванд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки бархе аз ҷавонон бештар бо роҳи осон зиндагӣ карданро фикр менамоянд. Бо кадом роҳе набошад зудтар соҳиби пулу мол шудан мехоҳанд. Саводи комил надошта аз телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳи иҷтимоӣ нодуруст истифода менамоянд, бештар чунин ҷавонони гумроҳ ба доми гуррӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ меафтанд.  Дар навбати худ гурӯҳҳои эктремистӣ ва террористӣ бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ аз чунин ҷавонон истифода менамоянд.  Дар мисол ҳодисаи даҳшатовари санаи 22 марти соли 2024 дар “Крокус Сити Холл” Федератсияи Руссия рух дод, касеро бетараф намондааст.

Як амали террористӣ, ваҳшиона тавонист ҷони садҳо нафарарони бегуноҳро аз байн барад. Бояд қайд намуд, ки ташкилоту созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрўз амнияту суботи аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб аз сатҳи минтақавӣ боло рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ касб кардааст. Ин гурӯҳҳои ифротгаро бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ба худ ҷалб карда, ҳаёти онҳоро барҳам мезананд. Ҷавонон бояд ба хуби дарк намоянд, ки гурӯҳҳои эктремистӣ ва террористӣ танҳо бахбати меорад ва нисбат ба ин вабои аср бояд муборизаи дастаҷамъона бурд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста қайд менамоянд, ки “Террорист Ватан, дин мазҳаб ва миллат надорад”, бале аз амалҳои ваҳшионаи чунин гурӯҳҳо бармеояд, ки  барои террористон ягончи муқаддасе нест, на миллат, на ватан, на ҷони бегуноҳи инсонҳо, на падару модару фарзандон...

Сарвари давлат ба мо ҷавонон доимо таъкид менамоянд, ки зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, дониш омӯзем ва касбу ҳунарҳоро аз худ намуда аз имлҳои замони муосир бохабар бошем, Ватани худ, манфиятҳои миллиамонро дар ҷои аввал гузошта марзу буми кишвари азизамонро ҳимоя намоем. Бинобар ин, мо ҷавонон бояд ҳарчи бештар ҳушёр бошем. Мо ҷавонон тамоми амалҳои гуррӯҳҳои ифротӣ ва террористиро пурра маҳкум намуда бар зидди ин вабои аср мубориза мебарем.

НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ!

Мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Мирбонова Манижа