ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ НАСЛИ НАВРАС

Ҷ.Балхӣ: Созандагони ватан  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ дар байни аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватани"- и ноҳия доир намуданд.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулова Кибриё дар назди хозирин баромад намуда, оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассиаҳои таълимии деҳот, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии насли наврас, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, дастовард ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи маориф суханронӣ намуд.

Ҳамзамон аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли наврас ёдовар гардида, афзуд, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳар яки моро водор менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати илмӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии насли наврас, тарбияи ин табақаи ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва пеш аз ҳама дӯст доштани муқаддасот ва арзишҳои миллӣтамоми қувваю воситаҳои хешро сафарбар намоем.

Инчунин қайд намуд, ки дар ин самт саҳми омӯзгорону кормандони соҳаи маориф хеле бузур аст. Чунки ҷомеаро дар ҳама давру замон бе иштирок ва мавқеи намояндагони илму маърифат, олимон, аҳли адаб, омӯзгорону устодон ва кормандони соҳаи маориф тасаввур намудан ғайриимкон аст.