АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ДИЁРАМОНРО САБЗУ ХУРРАМ МЕГАРДОНЕМ"

Ҷ.Балхӣ: Созандагони ватан  

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ як қатор силсила тадбирҳои муайян амалӣ шуда истодаанд.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 бо иштироки аъзоёни фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Бояд зикр кард, ки ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон мерос мондааст. Шинонидани дарахтон ба муҳити экологӣ таъсири мусбӣ гузошта, ба кӯчаву хиёбонҳо зебоии хоса мебахшад. Аз ин рӯ, дар мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ ба як маъракаи ҳақиқии мардумӣ табдил ёфта, мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.