ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ АСОСИ ҲИЗБ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар воқеъ ҳизби мардумӣ буда, ифодакунандаи ормонҳои миллати мо мебошад. Фаъолияти пурсамари он аз он шаҳодат медиҳад, ки дар симои ҳар як аъзои он тарғибгари сиёсӣ, раҳнамо, ғамхору сарпараст ҳамчунин шаҳрванди намунаи ҷомеаи навин таҷассум меёбад. Ҳар як узви ҳизб аз аъзо буданаш ифтихор менамояд.

Барои тақвият бахшидан, ҷиҳати таҳкиму тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, раванди ҳаракати аъзои ҳизб, риояи ҳатмии талаботи Оинномаи ҲХДТ ва низомномаҳои ҳизбӣ, бақайдгирии узви ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ, тартиб ва ҳолати бақайдгирии узви ҳизб дар мавриди тағйири макони зист ва ҷойи кор ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ имрӯзҳо дар асоси нақша - чорабиниҳои тасдиқгардида омӯзиши фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардида истодааст.

Дар рӯзи тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулова Кибриё аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии САҲШ дидан намуда, пиромуни масъалаҳои ба танзимдарории ҳуҷҷатгузории дохилиҳизбӣ, раванди ҳаракати аъзои ҳизб, мавқеи сиёсии шаҳрванд, эҳтиром гузоштан ба Оиннома ва Барномаҳои ҲХДТ, сари вақт супоридани ҳаққи аъзогӣ, баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, риояи интизоми баланди ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни боздид масъалаҳои корбарию коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ, маҷлисҳои ҳизбӣ, рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо, протоколҳо, пешниҳоди ҳисобот ва ахбори сиёсӣ, утоқи ҳизбӣ, пешниҳоди ҳисоботи оморӣ ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, баҳри камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дода шуд.