КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30 солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои созандагию ободонӣ бо маром идома ёфта истодааст.Соҳибкорон ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ саҳми худро дар корҳои созандагиву ободонии ноҳия гузошта истодаанд. Сохтмони биноҳои баландошёна, ки ошёнаҳои якум барои хизматрасонӣ ба мардум ва ошёнаҳои болои барои таъмини манзилҳои истиқоматӣ мебошанд сохта ба истифода дода мешаванд.