КӮМАКИ ХАЙРИЯВӢ БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаҳои 14-15 ноябри соли 2023 бо мақсади пайравӣ намудан ба сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба оилаҳои ниёзманд кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуд. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар рафти вохурӣ бо оилаҳои  ниёзманд суҳбат намуда оид ба зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии ҲХДТ қарор доштани маъюбон, бепарасторону ниёзмандон суханрони намуд. Метавон зикр кард, ки Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбону барҷомондагон ва оилаҳои ниёзманди ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз ин иқдоми нек дар арафаи чорабиниҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, шахсони маъюб, оилаҳои ниёзманд ва ятимон таҳти ғамхории ҳамешагии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қарор гирифта ба онҳо нафақаи ҳизбӣ, кӯмаки молиявӣ ва моддӣ расонида мешавад.