КОРҲОИ СОЗАНДАГИ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30 солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои созандагию ободонӣ бо маром идома ёфта истодааст. Дар ин росто дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия сохтмони  синфхонҳои иловагӣ идома дорад. Тавре Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арзу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”. Аз ин лиҳоз аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ, вакилон ва фаъолони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пайватса саҳми худро дар азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ гузошта истодаанд.