ВОХӮРӢ ОИД БА НАҚШАИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАК

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар  шуъбаи маорифи ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Сулаймонова Лола, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Юсуфзода Абдулло, раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмасаид бо тамоми директорони муассисаҳои таълимии ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ номбурдагон оид ба ташаббусҳои “соати сиёсӣ”  ва “Мактаби ман”-и нақшаи амалиёти муштараки  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид  ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон,  моҳият ва мақсади он суханронӣ намуда, таъкид сохтанд, ки барои дар амал татбиқ намудани нақшаи амалиёти зикргардида ҳар яки мо вазифадорем.