ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ПАЙВАНДГАРИ НАСЛИ ИМРӮЗА БА ТАЪРИХИ ГУЗАШТА

Ҷ.Балхӣ:  

   Ҳунарҳои мардумӣ дар кишвари мо баёнгари миллати меҳнатдӯсту ҳунарпарвари тоҷик буда, пайвандгари насли имрӯза ба гузаштаи таърихи башариятанд. Яке аз чунин ҳунарҳои маъруфу машҳургашта ин тоқидӯзӣ мебошад. Тоқидӯзӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик буда, аз рушдкардатарин навъи ҳунар ба ҳисоб меравад. Тоқӣ асрҳост, ки як ҷузъи фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад. Ривояте низ вуҷуд дорад, ки мардони тоҷик аз замонҳои хеле қадим ҳамеша ба сар як навъ кӯлаҳпӯши махсус, яъне тоқӣ мепӯшиданд, ки ба тоҷ монандӣ дошт ва гӯё маҳз бо ҳамин сабаб дигарон аҳли ин миллатро тоҷик ном мебурдагӣ шуданд. Албатта ин танҳо як ривоят асту халос, вале тоқӣ ҳамчун рамзи ҷавонмардӣ маҳбубияти худро то ба имрӯз аз даст надодааст. Мардони муосир то кунун дар тӯю маъракаҳо тоқӣ мепӯшанд ва занҳои гулдасту ҳунарманд ба хотири қонеъ намудани талаботи мардум ба намудҳои гуногуни тоқӣ тоқидӯзиро пеша намуда, ҳамзамон нозукиҳои ин ҳунарро ба дигарон меомӯзонанд.