Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия хонишҳои сиёсӣ баргузор гашта истодааст. Бо ин мақсад санаи 19 сентябри соли 2023 бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мусоев Хуршед дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳи Ленин”- и ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид. Номбурда баромад намуда оид ба ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, ташаббусҳои созандаи ҲХДТ, сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуд. Зимни суханрони масъулин қайд намуд, ки бо мақсади пеши роҳи ҳамагуна амалҳои номатлубро гирифтан, инчунин ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбият намудан ва ба хотири боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандон бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардидааст. Ин қонун барои беҳдоши ҳаёти кӯдакон, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни онҳо замина гузошта, масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам зиёдтар гардонид. Ва имрӯз вазифаи ҳар яки мо тарбияи дурусти насли наврас мебошад.

ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “РОҲИ ЛЕНИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
Ҷ.Балхӣ: