ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ТАКЯГОҲИ ЗАНОН!

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

       Пушида нест, ки имрузҳо мақому манзалати зани тоҷик дар кадом поя қарор дорад, Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нисбати занон таваҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ҳар паёму баромадҳояшон мавқеи азалии зани тоҷикро ба тадриҷ ёдрас менамоянд, дар яке аз мулоқотҳои анъанавии ҷашниашон дар ситоиши занону духтарони соҳибиқболи тоҷик гуфтаанд: «Зан чароғи хонадон, машъалафрузи ҷомеа ва тароватбахши зиндагист». Ё дар ҷои дигар гуфтаанд: «Нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд модар аст». Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Нерўву ҷасорати занонро ба инобат гирифта, бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» фармон ба имзо расонидааст, ки ин барои боз ҳам фаъолтар шудани занон заминаи мусоид фароҳам овард. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз руҳияи мо занон ва бонувони кишварро баланд бардошта ифтихор дорем, ки чунин Роҳбари оқилу хирадманд, Пешвои ҳақии миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дорем. Зан-модари тоҷик бо сарбаланди метавонад дар дилхоҳ соҳаҳои хоҷагии халқ озодона фаъолият намояд. Имрўзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дўши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббуси созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. Имрӯз зан-модари тоҷик омӯзгор, табиб, муҳандис, кишоварз, ҳунарманд роҳбари ин ё он ташкилот мебошад. Ҳарҷое зан-модари тоҷик ҳамчун роҳбар фаъолият менамояд, бараъло маълум аст, ки нишондодҳои хубро ба даст овардааст.     Мо занон ҳамеша бояд ёд дошта бошем, ки тарбияи насли наврас аввалиндараҷа ба души мо занон мондашудааст. Чун омузгори аввалини фарзанд модар аст. Мо занон, модарони тоҷик ҳар ҷое, ки бошем пеш аз ҳама ҳисси миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, дўст доштани Ватан - Модар ва ҳимояи онро дар ҷои аввалгузошта, насли наврасро дар руҳияи ватандустӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем. 

Абдулова Кибриё -мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ