ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ҶАВОНМАРДИСТ

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

 Дар шароити ҷаҳонишавии проблемаҳо, аз ҷумла, таҳдиди хатарҳои терроризм, экстремизм, хавфи бархурди тамаддунҳо, инчунин теъдоди рузафзуни авзои сиёсии ҷаҳон, вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо ҳар як шаҳрванди кишвар, хусусан ҷавонон масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Ҷавонони мо барои ҳифзи марзу буми кишварамон, таъмини оромию бехатарии ҷомеа ҳамеша омода бошанд. Ҳанӯз аз синнӣ хурдсоли насли наврасро бояд дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия намуд. Тарбия насли наврасоро аз оила оғоз намуда то ба муассисаҳои томактабӣ, муассиаҳои таълимӣ, донишгоҳу донишкадаҳо давом дод. Ҷавонони синнӣ даъватӣ бояд пурра обутобёфта, бо эҳсоси баланди ватандорӣ ба хизмати Ватан-модар омода бошанд. Дар муассисаҳои таълимӣ фанни тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ омӯзонда мешавад. Маҳз наврасону ҷавонон мактаби мардонагию ҷасорат, ва тандӯстию ватанпарастӣ ва муқаддас будани ҳар ваҷаб хоки ватанро бояд донанд, омӯзанд ва дар зиндагии худ истифода кунанд. Хизмат ба Ватан-Модар қарзи ҳар як шаҳрванд ва ҷавонмарди асил мебошад. Ҷавонон дар давраи хидмати ҳарбӣ ҳаматарафа обутоб ёфта, мактаби ҷавонмардиро мегузаранд ва ҳушёриву зиракиро омӯхта, барои эҳтиром ва таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии Ватан омодагии доимӣ мебинанд. Бинобар ин, тақозо мешавад, ки ҷавонписарон хизматро дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қарзи шаҳрвандии худ ҳисобида, ихтиёрона бо сари баланд ба халқу Ватан хизмат кунанд. Имрӯз ҷавонони мо бояд ба хуби дарк намоянд, ки як Ватан доранд, ки номаш Тоҷикистон аст ва ин кишвари азизи худро бояд мисли гавҳараки чашм нигоҳ дошт, ҳарчашми бад, ки назараш сӯи миллату давлати мо шуд, бояд кӯр кард. Ман як ҷавонони зодаи даврони истиқлоли кишвар  тамоми ҷавонони кишвари азизамонро даъват ба амал меоварам, ки  ба хизмати Ватан-Модар доимо омода бошем. Манфиатӣ миллату давлати азизамонро аз ҳама боло гузорем. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пурра пуштибони менамоем. Ва хизмати Ватан-модарро қарзӣ ҷавонмардӣ мешуморем.

Мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Мирбонова  Манижа