МАҶЛИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Ҷ.Балхӣ:  

     Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроия дар ноҳия санаи 18.09.2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби байналмилалии Президентӣ ”дар ноҳия бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия Мусоев Хуршед бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ маҷлиси навбатии ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид. Дар маҷлис ду масъала- интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва масъалаи ҷорӣ баррасӣ гардид. Доири маъалаи якуми рузномаи маҷлис маъсулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия баромад намуда оид ба бандҳои Оинномаи ҲХДТ суханрони намуд. Аъзои ҳизб Гадоева Сафармоҳ баромад намуда номзадии Ибрагимов Абдусамадро ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби байналмилалии Президентӣ ” пешниҳод намуд, бо овоздиҳии дастаҷамъонаи аъзои ҳизб  Ибрагимов Абдусамад раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид. Доири масълаи ҷорӣ масъалини Кумитаи иҷроия дар ноҳия ва раиси ташкилоти ибтидоӣ баромад намуда, оид ба ҳаракати аъзои ҳизб, иҷрои датсуру супоришҳои Кумитаи иҷроия дар ноҳия, коргузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, иҷрои саривақтии нақша чорабиниҳо, ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ ба ташаббусҳои ҲХДТ ибрози андеша намуданд.