РОҒУН КОХИ НУР ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ АСТ!

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз НБО “Роғун”  майдони заҳматҳои фаровону самарабахш, мояи ифтихору эътибори соҳибватанон, ҳастии шуҷоату мардонагӣ  ва шарафмандии миллати тоҷик  гаштааст. Ин иншооти бузурги аср ҳамчун неругоҳи барқӣ-обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳи ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҷалби сокинони касбу кори гуногун барои кор дар НБО “Роғун” дар асоси барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 6.01.2023, №1 санаи 8 сентябри соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамкори бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуғли аҳолӣ”-и ноҳия дар назди ҶДММ Бозори “Баҳор”-и ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холи зери унвони “РОҒУН КОХИ НУР ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ АСТ” гузаронида шуд. Масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия ба сокинон оид ба ҷойҳои кори холӣ дар НБО “Роғун” маълумотҳои муфассал доданд.