1- ИЮН РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Ҳар сол 1- уми июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз шумораи чунин кишварҳост. Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳанӯз 62 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд. Ин сана ба мо калонсолон ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем. Воқеан кӯдакон ояндаи осудаву ободии ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак дӯстрӯякони азиз.

Ғоибназарзода Мирзо Муҳаммадназар- директори муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ