НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ ҶАШНИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАЪМИН ГАРДИД

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 30 майи соли 2023 бо мақсади пайравӣ намудан ба сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва раиси Шӯрои собиқадорони ҳизби Абдулҳаев Маҳмасаидбахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба аёдати маъюбон- рафта, дар рафти дидорбинӣ ба ин ашхоси осебпазир нафақаи ҳизбӣ супорида шуд. Метавон зикр кард, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбону барҷомондагон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз ин иқдоми нек ҳар моҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, ин шахси маъюб таҳти ғамхорӣ ва бо нафақаи ҳизбӣ таъмин хоҳад гашт.

.